Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Дар маърӯзаи расмии МАГАТЭ перомуни вазъи энергетикаи ҳастаии Эрон гуфта мешавад, ки ин кишвар аз соли 2003 инҷониб корҳоро барои сохтани аслиҳаи ҳастаӣ анҷом медод ва ҳоло ҳам чунин тадқиқотро давом медиҳад. Теҳрони расмӣ маърӯзаи МАГАТЭ-ро амали бардуруғ қаламдод карда ва хотирнишон сохт, ки ҳадаф аз он ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ аст. **********Сарвазири Итолиё Силвио Берлускони баъди нақшаи ислоҳоти иқтисодиро тасдиқ намудани парлумон истеъфо доданист. Овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала бояд то охири моҳ сурат гирад. Қаблан маълум гардид, ки ҷонибдорони Берлускони аз пуштибонии аксарияти мутлақи вакилони палатаи поёнӣ маҳрум шудаанд. *********Бо хоҳиши сарвазир Георгис Папандреу ҳамаи вазирони ҳукумати Юнон аризаи истеъфоро имзо намудаанд. Сарвазир ба вазирони худ барои кори анҷомдодаашон изҳори ташаккур намуда, ваъда дод, ки ҳукумати нави эътилофӣ дар ояндаи наздиктарин ташкил карда мешавад.********Президенти Олмон Кристиан Вулф дар нишасти матбуотӣ бо иштироки Президенти Русия Дмитрий Медведов изҳор дошт, ки имконияти бекор намудани раводидҳои миёни ду кишварро дар вақтҳои наздиктарин намебинад. Сарвари Русия ҳамзамон ба Президенти Олмон итминон доданӣ мешуд, ки раводидҳо ба рушди муносиботи дуҷониба халал мерасонанд. ********








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






