Маҳсулоти саноатии Машҳад дар Душанбе
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 31 ноябр то 4 декабри соли ҷорӣ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналхалқии маҳсулоти саноатӣ ва зироатии музофоти Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад. Тавре ки атташеи тиҷоратии Сафорати Эрон дар Душанбе Аббос Баёнӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамбастагии таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ, ягонагии дину анъанаву одот сабаби тақвияту рушди ҳамкориҳои ду кишвар гардидааст.Дар намоишгоҳ, ки бо ташаббус ва дастгирии палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон доир мешавад, қариб 40 ширкат аз шаҳри Машҳад маҳсулоти хешро манзур менамоянд.Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, бофандагӣ, ғизоӣ, кишоварзӣ, саноати қолинбофӣ, масолеҳи сохтмонӣ, тиббӣ, беҳдоштӣ, зарфҳо ва маснуоти ороишӣ ба маъраз гузошта хоҳад шуд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






