Саршумори қутос меафзояд
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Минтақаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол барои парвариш ва афзоиши қутос хеле мусоид аст. То солҳои 90 – уми асри ХХ дар ҳамаи хоҷагиҳои давлатии минтақа парвариши қутос ба роҳ монда шуда буд ва хоҷагидорон аз ин соҳа даромади зиёд ба даст меоварданд. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2002 ба хоҷагиҳои қутоспарварии ноҳия қарзи дарозмӯҳлати имтиёзнок дода шуд. Тавассути ин қарз аз ноҳияи Мурғоб 123 сар қутос харида ва ба мавзеи Лахш интиқол дода шуд. Айни ҳол дар хоҷагии давлатии «Қизилсу» ва хоҷагиҳои инфиродии «Миршодӣ» ва «Баракатулло» 244 сар қутос парвариш меёбад. Танҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз 96 сар қутос 56 сар насл гирифта шудааст. Аз назари коршиносон дар мавзеи Лахш парвариши 10 ҳазор сар қутос имкон дорад. Аз ин рӯ хоҷагиҳо мақсад доранд, ки саршумори қутосро сол то сол зиёд ва даромад аз онро бештар намоянд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






