Ҷаласаи роҳбарони Хадамоти гумруки ИДМ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ, АвроОсиё ва Иттифоқи гумрукӣ баргузор гардид. Хотирнишон месозем, ки ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ҷиҳати баррасӣ ва қабули қарорҳо аз рӯи масоили муҳими ҳамкории байналмилалию минтақавӣ дар соҳаи умури гумрукӣ соле ду маротиба доир мегардад.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба тарбияи кадрҳо, фаолияти мутақобилаи иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ ҷиҳати назорати содироти амвол ва пардохти гумрукӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд.








Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад






