Афзоиши маблағҳои воридотӣ дар назар аст

Декабрь 14, 2011 09:40

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти омории Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми воридоти маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ барои давлатҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва чӣ барои давлатҳои мутараққӣ сол то сол зиёд мешавад. Дар соли 2010 ҳаҷми вуруди маблағҳои муҳоҷирони тоҷик 2,3 млрд. доллари амрикоиро ташкил дод, ки он баробари 31 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ буд. Дар назар аст, ки ин нишондод соли ҷорӣ бештар хоҳад шуд.Бино ба пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми умумии маблағҳои воридотӣ дар соли 2012 барои тамоми давлатҳо нисбат ба соли 2011 ба андозаи 7,3, соли 2013 – 7,9 ва дар соли 2014 ба андозаи 8,4 фоиз зиёд хоҳад шуд. Бино ба гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон вобаста дохил шудааст, ки як қисми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Дар қатори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳуриҳои Молдова ва Қирғизистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки мутаносибан 23 ва 21 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиашонро маблағҳои воридкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд, ҷойгиранд.

Декабрь 14, 2011 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад