Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Сарвазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки ӯ «ҳамчун яке аз номзадҳо ба ягон тақаллубкорӣ» дар интихоботи президентӣ зарурат надорад. «Мехоҳам ба хоҳишу маром ва боварии халқ такя намоям. Агар боварии халқ набошад, иҷрои кор ҳам маъное надорад», — гуфт сарвазир. хххРоҳзанон дар назди соҳилҳои Уммон як киштии итолиёвиро дастгир намуданд. Ҳайати киштӣ иборат аз 18 нафар буда, 5 нафар баҳрнавардон шаҳрвандони Украина мебошанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, бар асари дастгир шудани киштӣ касе аз ҷумлаи ҳайати он осеб надидааст.хххҶумҳурии Мардумии Чин системаи нави ҳаракати сафинаҳоро роҳандозӣ намуд. Ин система иборат аз 10 сафинаест, ки ба Чин ва ҳудуди наздики он хизмат мерасонанд. Дар соли 2012 боз 6 ҳамин хел сафина ба кайҳон бароварда мешавад.хххТелевизиони давлатии Куриёи Шимолӣ намоишеро пахш намуд, ки дар он зоғҳо аз марги роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё Ким Чен Ир навҳаю гиря мекунанд. Паррандаҳо дар шохаҳои дарахти назди мақбараи падари Ким Чен Ир хомӯш нишастаанд. Ба фикри сокинони Куриёи Шимолӣ, ҳузури зоғон маънои аз марги роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё дар ғаму андӯҳ будани табиатро дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






