Роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ кушода шуд
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре сардори шӯъбаи раёсати амалиёти фаврии Вазорати нақлиёти ҶТ Владимир Багуманов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт кушода шудаанд.Мувофиқи суханони манбаъ, чанд рӯз пеш қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ воқеъ дар километрҳои 195 ва 196 – уми ағбаи Шаҳристон зери тарма монда буданд. Баъди аз барф тоза карда шудани қитъаҳои зикршудаи роҳ ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар он боз барқарор гардид.Хотирнишон месозем, ки давоми як шабонарӯз дар роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ 13 ҳодисаи фуромадани тарма ба қайд гирифта шуд, ки ин боиси дар ағбаи Шаҳристон баста шудани роҳи мошингард гардид.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






