Вохӯрии Кличко бо Мормек ба таъхир афтод
Душанбе, 12 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Рӯзи 10 декабр мебоист дар шаҳри Дюсселдорф вохӯрии боксчиёни вазнашон вазнин Владимир Кличкои украинӣ ва Жан-Марк Мормеки фаронсавӣ баргузор мешуд, вале аз сабаби он ки муштзани украинӣ ҷарроҳии санги гурда кард, ин вохӯрӣ ба рӯзи 3 март мавқуф гузошта шуд.