Ҷалби донишҷӯёну толибилмон ба чорабиниҳои Наврӯзӣ
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаш ҳазор донишҷӯ ва чор ҳазор нафар толибилми макотиби миёнаи пойтахт барои иштирок дар чорабиниҳои калони идона вобаста ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷалб карда мешаванд. Машқҳо барои толибилмон аз шашуми феврал ва барои донишҷӯён аз 14 феврал оғоз меёбанд. Масъалаи мазкур, яъне омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҷлиси машваратии назди вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов бо ҳузури ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт, сардори раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи пойтахт баррасӣ шуд,- иттилоъ дод Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ. Нуриддин Саидов ба ректорон супориш дод, ки ба ин чорабинии муҳим аз ҳоло омодагии ҷиддӣ бинанд ва мутобиқ ба нақшаи муайянгардида, рӯйхати донишҷӯёнро бо фармони худ тасдиқ ва ба Вазорати маориф пешниҳод намоянд. Ҳамчунин бо назардошти вазъи молиявии муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиён аз ҳисоби суратҳисобҳои махсус бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда шаванд. Ғайр аз ин барои муҳассилини ҷалбгардида нақлиёти алоҳида ҷудо шуда, чиптаҳои ройгон барои истифода аз нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ низ дода мешавад. Вазири маориф диққати ҳозиринро ба аҳамияти ин ҷашни байналмилалӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҳангоми таҷлил мо набояд онро пурра ба миллати хеш нисбат диҳем ва лозим аст эътибори бештар ба ҷанбаи байналмилалӣ доштани он равона карда шавад. Наврӯз бояд омили баҳамоӣ ва пайванди халқҳои Тоҷикистон ва миллатҳои мухталифи мамолики дунё, ки онро таҷлил мекунанд, бошад, — афзуд вазир.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






