Муҳокимаи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти косибӣ» оғоз ёфт
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 9 январ, дар Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурд ва миёнаи ҶТ (АМТ ва ХМ) рӯзи аввали иҷлосияи гурӯҳи корӣ оғоз ёфт, ки дар он лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти косибӣ» ва ташкили Шабакаи миллии косибони Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар кори иҷлосия косибони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ширкат доранд.Ин лоиҳаи қонуни ҶТ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди бахши косибии Тоҷикистон дар заминаи равобити мутақобилан муфиди тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои миёнарави аҳли тиҷорат» таҳия гардида ва дар оянда бахши косибиро дар кишвар танзим менамояд.То имрӯз дар Тоҷикистон як қатор Иттиҳодияю созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки як ё якчанд самтҳои косибиро танзим намуда, вале механизми ягонаи муттаҳид сохтани ҳамаи намудҳои косибӣ ва косибон вуҷуд надорад. Мақсади асосии таъсис додани шабакаи миллии косибон, ки Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёна ташаббускори он мебошад, иборат аз муттаҳид намудани ҳамаи косибони кишвар ва фароҳам овардани имконияти рушди малакаҳои касбии онҳо ва беҳдошти сифати истеҳсолот ва дастрасии доимӣ аз иттилооти нави бахши косибӣ аст. Аъзои гурӯҳи корӣ дар ҷараёни муҳокимаи масъалаи мазкур раванди таҳияи ҳамаи санадҳои зарурии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданианд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






