Сохтмони корхонаи тракторсозӣ дар ҶТ

Январь 27, 2012 14:38

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 26 январи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук Олга Анатолевна доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ вазири кишоварзӣ аз рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Беларус изҳори қаноатмандӣ намуд. Инчунин тарафҳо доир ба сохтмони корхонаи тракторсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти содироти трактор ба ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ҳамзамон тарафҳо зимни вохӯрӣ доир ба ҳамкориҳо дар рушди илми кишоварзӣ махсусан омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҳамкориҳо бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, вуруди тухмиҳои селексионӣ ва чорвои хушзот аз Ҷумҳурии Беларус изҳори ақида намуданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки моҳи октябри соли гузашта гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд. Зимни вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим доир ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба имзо расид. Инчунин дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов раиси комиссияи байниҳукуматӣ доир ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ таъин гардида буд. Дар назар аст, ки ҷаласаи аввалини комиссияи мазкур нимаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Январь 27, 2012 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад