Баррасии мушкилоти ҷавонони Табошар ва Чкалов
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар омӯзишгоҳи касбию техникии шаҳри Табошар, қисми низомии 051056 «Горди миллӣ» ва коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Чкалов вохӯрии сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фаридун Ҳодибоев бо донишҷӯён, сарбозону афсарон ва омӯзгорону мураббиён ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷашн гирифтани 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи варзиш доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷавонон доир ба дастрас намудани филми ҳуҷҷатии “Масири гумроҳон”, ташкили озмуни вилоятии «Маҳзар» байни омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, мушкилоти роҳ, ташкили гӯруҳи пазандагӣ, таъминот бо китобҳои тахассусии ҳисобчӣ, таъсиси дастаи футболи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, таъминоти онҳо бо либоси ягонаи варзишӣ ва таъсиси шӯъбаи ғоибона дар назди коллеҷ муроҷиат намуданд.
Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои баррасии муроҷиати ҷавонон Раёсат якҷоя бо сохторҳои дахлдори вилоят ва шаҳр корбарӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






