Муродҷон Тӯйчиев соҳиби медали биринҷии чемпионати Осиё
Душанбе, 20 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Гумии Куриёи Ҷанубӣ дар риштаҳои гӯштини тарзи озод ва фарангӣ барпо гардид, ширкат намуд ва ба паҳлавони мо Муродҷон Тӯйчиев муяссар шуд, ки дар вазни то 120 кг соҳиби мақоми ифтихории сеюм шуда, медали биринҷиро ба даст орад. Дар дигар вазнҳо паҳлавонони мо Манучеҳр Аллаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) аз гӯштини фарангӣ ва Орзу Эмомов (55 кг), Николай Ноев (60 кг), Сомиршо Вохидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг), Эраҷ Холов (120 кг) дар гӯштини тарзи озод баромад карданд. Мутаассифона, паҳлавонони мо дигар ба комёбӣ муваффақ нашуда, дар ҳисоби даставӣ якҷоя бо Ӯзбекистон соҳиби мақоми 9-ум шуданд. Дар ҷамъбаст тимҳои мунтахаби Эрон соҳиби ҷойи аввал, Ҷопон-ҷойи дуввум ва Чин соҳиби ҷойи сеюм шуданд.








«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






