Таъсиси Академияи футболи дуввум

Февраль 6, 2012 14:15

Душанбе, 6 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар вохӯрии роҳбарони ФФТ бо масъулин ва сарпарастони дастаҳои футбол, ки дар анҷоми моҳи январ доир шуд, масъалаи дар шаҳри Турсунзода дар назди дастаи “Регар- ТадАЗ” таъсис додани Академияи футболи дуввум пешниҳод шуд. То кадом дараҷа ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад, норӯшан аст, вале дастаи “Регар- ТадАЗ” наврасони соли таваллудашон 1998-1999, 2000 – 2001 ва 2001- 2003 -ро аз ноҳияҳои Турсунзодаву Шаҳринав ба мактаби кӯдаконаи футбол даъват кардааст. Давоми як ҳафта дар варзишгоҳи “Металлург” наврасон аз озмун хоҳанд гузашт. Равнақи футбол маҳз аз мактабҳои кӯдакону наврасон сарчашма мегирад. Умед ҳаст, ки “Регар-ТадАЗ” чун дастаи “Истиқлол” академияи худро таъсис медиҳаду дастаҳои футболи боқимонда мактабҳои футболи кӯдакону наврасонро.

Февраль 6, 2012 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд