Машварати кории Сарвари давлат раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

Март 30, 2012 13:57

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд. Дар машварат масоили вобаста ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, пешгирии офатҳои эҳтимолии табиӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони оянда баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тӯл кашидани зимистони имсола ва қафо мондани оғози киштукори баҳорӣ аз масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ талаб намуд, ки аз ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳавои мусоид пурсамар истифода баранд, то ки тамоми заминҳои корам кишт карда шаванд. Таъкид гардид, ки барои ин ба кишоварзон ҳамаҷониба кумак бояд кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, зимистони тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешовардаи он, хусусан барои чорводорон собит намуд, ки захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ доштан то чи андоза зарур аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва фаровон захира намудани он барои зимистон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад. Ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари обхезию дигар офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ ситодҳои доимамалкунанда таъсис дода, онҳоро бо мутахассисони кордон ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 30, 2012 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад