«Зан ва Замин»-и Тоҷикистон – ғолиби ҷоизаи «Equator Prize»
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 марти соли 2012 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк созмони «Зан ва Замин»-и Тоҷикистон дар қатори 24 созмони дигари миллӣ аз саросари ҷаҳон барои саҳми калонаш дар рушди устувор ғолиби ҷоизаи «Equator Prize 2012» эълон гардид. Муассиси ҷоизаи «Equator Prize» Барномаи рушди СММ буда, имсол ба таъсиси ин ҷоиза даҳ сол пур мешавад. Ғолибон аз байни 812 номзад, ки аз 113 кишвари тараққикунандаи ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, интихоб шуданд. Дар байни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ созмони тоҷикистонии «Зан ва Замин» ягона ғолиби ҷоизаи имсолаи «Equator Prize» дониста шудааст. Дар назар аст, ки маросими ба ғолибон супоридани ҷоизаи мазкур дар ҷараёни Конфронси СММ доир ба рушди устувор (Рио-де-Жанейро, 20-22 июни 2012) баргузор гардад. Қобили зикр аст, ки мусоидат ба деҳқонону кишоварзони безамин дар мавриди тазмини ҳуқуқҳои онҳо, иҷораи замин, гуногун кардани услубҳои истеҳсоли кишоварзӣ ва ташвиқ сохтани ҳифзи танаввӯъи зистӣ аз тариқи мудирияти масъулиятноки манбаъҳои табиӣ самти фаъолияти созмони «Зан ва Замин»-ро ташкил медиҳанд. «Зан ва Замин» аз ҷониби як гурӯҳи занони фаъоли тоҷик бо мақсади бартараф намудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар натиҷаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд, таъсис шудааст.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






