Маркази таҷрибавии селексионӣ
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба хабари маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, мақомоти бахши кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бунёди Маркази таҷрибавии селексионии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти муовини аввали вазири кишоварзӣ Юсуф Султонноёбов аз вазъи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла омӯзиши мутахассисони тоҷик ва кӯмакҳои техникии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ба гуфти Ю. Султонноёбов, ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи кишоварзӣ имкон медиҳад, ки минбаъд низ Ҷумҳурии Мардумии Чин дар дастрасӣ ба технологияи муосир, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи соҳаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва омӯзиши мутахассисони соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ расонад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






