Мулоқоти М. Неъматов бо Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ

Апрель 18, 2012 17:01

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 17 апрели соли 2012 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Ассамблеяи Генералии Ассотсиатсияҳои Кумитаҳои олимпӣ (ANOS) ва форуми дуюми ҷаҳонии варзиши олимпӣ баргузор гардид. Дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –ноиби аввали Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов иштирок намуд. Дар баробари масъалаи вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтори давлатии варзишӣ ва кумитаҳои олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ, инчунин интихоботи Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпӣ баргузор гардид. Дар натиҷа бо дастгирии 204 кишвари иштирокчӣ раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ Президенти Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ интихоб гардид. Маликшо Неъматов дар мулоқоти Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳро барои ба вазифаи сатҳи баланд интихоб шуданаш аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпиии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт. Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ дар навбати худ изҳори миннатдорӣ карда, омодагии пурраи худро барои рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.Ёдовар мешавем, ки миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё, ки роҳбариашро Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ ба ӯҳда дорад, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шудаанд.

Апрель 18, 2012 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст