Нигаронии раиси вилоят аз рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз рафти сохтмони иншооти ҷашнии шаҳри Хуҷанд дидан кард. Аз ҷумла, раиси вилоят аз «Қасри варзиш», варзишгоҳи «20 — солагии Истиқлолият», майдони яхи сунъӣ, «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», Қасри Арбоб ва чойхонаи миллӣ боздид карда, ҷиҳати вусъат додани корҳои сохтмонӣ ва сифатнокии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоятро суръати корҳои сохтмонӣ дар «Қасри варзиш» қаноатманд карда натавонист. Зеро ҷӯшу хурӯши кор дар майдони сохтмон ба назар намерасид. Дар ин замина раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмониро вусъат бахшанд. Ҷараёни корҳои сохтмониро дар се баст ба роҳ монда, ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Саҳлангорӣ ва саросемагӣ боиси паст шудани сифати корҳои сохтмонӣ мегардад.Бояд гуфт, ки «Қасри варзиш» муҳимтарин иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Инчунин ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи «20 — солагии Истиқлолият», ки дар канори он сохтмонҳои иловагӣ барои зиёд намудани ҷои нишаст идома дорад, қаноатманд карда натавонист. «Соат қариби 8 –и субҳ буд, лекин дар ҷойи сохтмон ягон нафар сохтмончӣ машғули кор набуд. Ин саҳлангорӣ ва муносибати масъулини сохтмон раиси вилоятро нороҳат сохт. Ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ободонии варзишгоҳи «20 — солагии Истиқлолият» Қоҳир Расулзодаро нигарон кард. Аз бунёди ин иншооти варзишӣ се сол сипарӣ шуд, вале маъмурияти он то ба ҳол барои ободонии он, гулзор намудани саҳни даромадгоҳи варзишгоҳ ва шинонидани дарахтони ороишию ҳамешасабз ягон тадбир наандешидаанд. Намуди пайраҳаи варзишгоҳро низ алафҳои худрӯй коста гардонида, бисёр мавзеъҳои он таъмирталаб мебошанд», — тазаккур дод сарчашма. Раиси вилоят ба роҳбарияти варзишгоҳ супориш дод, ки тамоми корҳои сохтмониро то 20 май ба охир расонида, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






