Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзи аввали эмгузаронии бемории гулӯзиндонак дар шаҳри Душанбе хеле хуб гузашт, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, дирӯз дар чор дармонгоҳи калонтарини шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор нафар кӯдаки аз 3 то 6 сола барои эмгузаронӣ ба дармонгоҳҳо оварда шуданд. Тибқи нақша, дар давоми рӯзҳои 23-28 –уми апрели соли ҷорӣ беш аз 730 ҳазор кӯдаки ноболиғи 3-6 сола дар қаламрави ҷумҳурӣ ваксинаи зидди бемории гулӯзиндонак қабул мекунанд.Ба гуфти мутахассисони соҳа, гулӯзиндонак бемории сироятии заҳролудкунанда буда, аз худ моддаҳои заҳрноки барои организми инсон хавфнокро ҷудо мекунад. Ба ин беморӣ ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон гирифтор шуда метавонанд. Бемории гулӯзиндонак боиси марги ашхоси мубталои ин беморӣ шуда метавонад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ дар Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ таъмини ҳузури садфоизаи фарзандонро аз волидайнашон дархост кардааст.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






