Манфиати бештар аз узвият ба СҶТ

Май 23, 2012 15:06

Душанбе, 23 май.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Манфиатҳо ва чолишҳо аз узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат /СҶТ/ ва таҷрибаи кишварҳои дигар аз раванди гуфтушунидҳо ва узвият дар СҶТ дар маркази таваҷҷўҳи давраи омўзишӣ, ки таҳти унвони “ Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СҶТ –таҷрибаи кишварҳои дигар” муддтаи ду рўз дар Душанбе идома дошт, анҷом ёфт. Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи тозатасдиқи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» созмон дода шуд. Мавриди зикр аст, ки ин лоиҳа аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байналмилалии тиҷорат /МБТ/ дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ироагари хадамот амалӣ менамояд. Лоиҳаи мазкур бахше аз Барномаи СЕКО доир ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон буда, мусоидат ба иҷрои ислоҳоти маҷмӯъӣ дар ин кишвар ҷиҳати узвият дар СҶТ-ро ҳадаф қарор додааст. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу алоқа ва нақлиёту энергетика пуштибонӣ мекунад.Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, СЕКО, СҶТ, МБТ, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик зимни ин нишаст низоми тиҷорати хидматрасониҳо дар доираи СҶТ ва нақши хидматрасониҳо дар раванди узвият ба ин созмон, ҳамчунин таҷрибаи кишварҳое, ки ба тозагӣ узви ин созмон гардидаанд, дар иртибот ба хидматрасониҳои фавқуззикрро баррасӣ намуданд. Ориф Ҳусайн, мушовири аршади МБТ дидра узвият дар СҶТ ва собиқ мудири шӯъбаи узвият дар СҶТ, иштирокдорони давраи омӯзиширо бо мӯҳтавои муколамаи давлат ва ҷомеа, тарғиби тиҷорат, таҷрибаи кишварҳои дигар дар ин росто ва гуфтушунидҳои марбут ба сиёсати тиҷорӣ шинос намуд. Мавсуф мегўяд, ки «тавоноии бахши хусусӣ барои истифода аз имконоте, ки чунин низом медиҳад, дар бисёр мавридҳо аз иҷрои ислоҳоти дохилӣ аз ҷониби ҳукумат бо ризоияти якдилонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор вобаста аст. Ҳукумат бояд шароитеро барои соҳибкорӣ фароҳам биоварад, ки сармояи хусусӣ ба иқтисоди дохилӣ ҷалб гардад».Ҳамзамон Жан-Себастян Рур, мутахассиси аршади шӯъбаи сиёсати тиҷоратӣ дар МБТ гуфт, ки “бидуни шубҳа, узвият дар СҶТ ҳукуматро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти дохилиро ба анҷом бирасонад” Дар нишаст масоили дастрасӣ ба хидматрасониҳои зерсохтории рақобатпазир, ба мисли алоқа, энергетика, нақлиёт, машваратҳои давлат ва ҷомеа дар самти узвият дар СҶТ, вазифаҳои хизматгузорӣ низ матраҳ гаштанд. СҶТ ниҳоди байналмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим менамояд, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат намояд. Алҳол 155 кишвар узви СҶТ буда, гуфтушунидҳои ду давлати дигар бо муваффақият анҷом пазируфтаву онҳо мунтазири тасдиқи узвияти худанд. 22 давлати дигар аз ҷумла, Тоҷикистон дархости узвият ба СҶТ намудаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои мухталифи баррасӣ қарор дорад.12.06.

Май 23, 2012 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд