Вохӯрии А. Раҳмонов бо соҳибкорон

Июнь 6, 2012 09:47

Кӯлоб, 6 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Чанде қабл раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов бо соҳибкорони маҳаллӣ вохӯрд. Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки дар айни замон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 3000 соҳибкори инфиродию ташкилоту корхонаҳои хусусӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи онҳо фаъолияти воқеӣ доранд. Аз ин рӯ таъсиси Шӯрои машваратӣ доир ба рушди соҳибкорӣ дар назди мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор додани «Барномаи рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2011 – 2015» ва дар заминаи онҳо таъсиси Кумитаи тараққиёти маҳал, ки ба узвияти он намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон шомиланд, тадбири саривақтӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамоиш соҳибкорон аз бунёди корхонаҳои ранги сохтмонӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ, гармхонаҳо, ба роҳ мондани кишти зериплёнкагии меваю сабзавоти барвақтӣ, инкишофи зироаткорию чорводорӣ сухан гуфта, баҳри вусъати корҳо таклифу пешниҳод ироа намуданд.

Июнь 6, 2012 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд