Вохӯрии А. Раҳмонов бо соҳибкорон
Кӯлоб, 6 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Чанде қабл раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов бо соҳибкорони маҳаллӣ вохӯрд. Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки дар айни замон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 3000 соҳибкори инфиродию ташкилоту корхонаҳои хусусӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи онҳо фаъолияти воқеӣ доранд. Аз ин рӯ таъсиси Шӯрои машваратӣ доир ба рушди соҳибкорӣ дар назди мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор додани «Барномаи рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2011 – 2015» ва дар заминаи онҳо таъсиси Кумитаи тараққиёти маҳал, ки ба узвияти он намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон шомиланд, тадбири саривақтӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамоиш соҳибкорон аз бунёди корхонаҳои ранги сохтмонӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ, гармхонаҳо, ба роҳ мондани кишти зериплёнкагии меваю сабзавоти барвақтӣ, инкишофи зироаткорию чорводорӣ сухан гуфта, баҳри вусъати корҳо таклифу пешниҳод ироа намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






