22 ҳазор нафар соҳиби кор шуданд
Хоруғ, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Рӯзи 13 – уми моҳи июл дар толори театри вилоятии шаҳри Хоруғ маъракаи ба хатмкардаҳои Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супоридани шаҳодатномаҳо баргузор гардид. Ба ин муносибат муовини аввали раиси ВМКБ Исмоил Орифшоев, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, Алмаз Сайфуддинов – намояндаи сафоратхонаи Амрико дар ҷумҳурӣ, директори Донишгоҳи Осиёи Марказии Багдан Кравченко, Абдулҳаким Ҳайдарӣ — намояндаи консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ хатмкунандагонро табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки ин воқеаи муҳим яке аз рукнҳои асосии пешрафти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ соли 2006 таъсис ёфт ва то имрӯз таи 22 ҳазор нафар онро хатм карданд. Дар мактаби номбурда асосан он пешаҳое омӯхта мешаванд, ки дар саросари дунё ба кор меоянд. Умуман, дар мактаби номбурда тибқи омӯзиш аз рӯи 30 касб машғулиятҳо мегузаронанд. Соли ҷорӣ дар 16 — гурӯҳ 173 нафар касб омӯхтанд, ки 21 нафари онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






