Афзоиши активҳои «Амонатбонк»
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Активҳои Бонки давлатии амонатгузории (БДА) «Амонатбонк» то имрӯз ба як миллиарду 171 миллион сомонӣ расидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 53,2% зиёд мебошанд», — иброз дошт 12 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова. Вай афзуд, ки сармояи «Амонатбонк» дар ин муддат ба маблағи 148,5 млн. сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,3% зиёд аст. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон даромад то андозбандии ба маблағи 13,2 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 9,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 маротиба зиёд мебошад. «Дар шаш моҳи соли равон гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ да ҳудуди ҷумҳурӣ 28,7 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,2 маротиба зиёд шуд», — тазаккур дод раиси «Амонатбонк».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






