Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Июль 30, 2012 13:33

Душанбе, 30 июл . (АМИТ «Ховар». Фирӯза Давлатова).- Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли 2011 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз зиёд шуда, дар соли 2012 ба маблағи 4467,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин давраи соли 2011 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 112 фоизро ташкил дода, дар моҳи июни соли 2012 ба маблағи 691,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз сатҳи соли 2011-ум 9,7 фоиз баланд аст. Ҳаҷми истеҳсол дар саноати истихроҷ 487,6 млн. сомонӣ, дар саноати коркард 3068,2 млн. сомонӣ, истеҳсолу тақсимоти қувваи барқ, газ ва об 911,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2012 542 корхона (58,2 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбат ба соли 2011 баланд бардоштаанд. Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботии соли 2012 истихроҷи ангиштсанг ва ангишти бӯр, нафт, истеҳсоли ҳасиб, макарон ва маснуоти қаннодӣ, равғанӣ растанӣ, қолин, маснуоти қолинӣ ва хишти бинокорӣ афзудааст.

Июль 30, 2012 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад