Cохта шудани 189 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 8 млрд.520 млн. кВт/ соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст,-иброз доштанд дар ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи Барномаи дарозмӯҳлат, то соли 2020 дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила сохтмони 189 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки барои сохтмони ҳамаи ин нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ 121,1 млн. доллар ҷудо карда мешавад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқе, ки аз ин нерӯгоҳҳо ба даст оварда мешавад ба 103 мегаватт баробар хоҳад шуд.Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввал (то 1-уми июли соли 2012) 4 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 122,5 кВт сохта ба истифода дод шудааст.Дар айни замон дар қаламрави кишвар сохтмони 7 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори лоиҳавии 2044 кВт идома дорад, ки онҳо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, ШСХК «Барқи тоҷик» ва дигар сармоягузорони ватанию хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






