Фақри ақл ва ё даҳшати як шаҳр
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар»).-Шунидастам, ки дар Бадахшон, аниқтараш дар шаҳри Хоруғ муддатест, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо органҳои ҳукумати даргир шудаанд. Нафари баландпояи амниятиро куштаанд. Нафарони прокуратураро ба гаравгон гирифтаанд. Ҳукумат чораҳо андешидааст. Қисмати ҷинояткорон кушта, захми, ва қисмате фирор кардаанд. Аммо дар шаҳри Хоруғ гурӯҳи ҷавонони силоҳбадаст мондаанд. Онҳо андаканд, аммо нияти риояи тартиботи қонун ва шаҳрдориро надоранд. Ихтиёран халъи силоҳ шудани нестанд. Ҳукумат чораҳо мебинад. Ба Ҳукумат дилам намесӯзад. Ба он падару модароне дилам месӯзад, ки онҳо фарзанд калон кардаанд ба умеди ҳимояи Ватан, марзу буми кишвар аз душманонаш, ки онҳо кам нестанд, аммо аз дасти шаҳрванди ҷинояткори худи ҳамин кишвар кушта мешаванд. Мардум, инсоф кунед, чашм кушоед, бинед, ин миллати кӯҳистонмаскани тоҷик чи қадар душман доштааст. Роҳашро мебанданд, онро мухосираи иқтисодӣ мекунанд, намемонанд аз сарвати худаш – аз обаш истифода кунад, ба мардумаш нур бахшад, хонаашро равшан кунад…Аммо имруз на дар муқобили ин аҷабиён, балки дар муқобили ҷинояткорони муташаккили дохилӣ кушта мешаванд. Албатта мурдан ба хотири осоиши Ватан, ба муқобили душман, сарфи назар аз он ки кист он, марги шарафмандонаест. Ҳар касе, ки зидди Конституция ва манфиатҳои мардум бошад, он душмани манфиатҳои миллӣ, пешравии миллат аст.Ман ин номаро наменавиштам. Агар дирӯз як дӯстам ба ман намегуфт, ки дируз дар шаҳри Хоруғ байни намояндагони ҳукумат ва роҳбари маънавии силоҳбадастон музокира ба амал омадааст. Хурсанд шудам. Гуфтам, хайр ҳукумат маълум. Аммо аз он тараф, аз ҷониби мардуми Хоруғ, ки мегуянд, бисёр вақт занҳо пеши сарбозони ҳукуматиро мегиранд, ки дар шаҳр муқобили ин ҷинояткорон амалиёт нагузаронанд, киҳо ҳастанд? Аз номи мардуми Хоруғ, ки музокирот мекунад? Гуфтанд: «Имум»! Гуфтам, ки Имум магар шоир аст? Нависанда аст? Олим аст ? Ки аст ӯ? Гуфтанд, ки не, ин роҳбари як дастаи ҷинояткорон аст. Ҳангоми «разборкаҳо» аз пушташ тир хурдааст. Ду пояш кор намекунад. Шал аст. Фалаҷ аст! Худоё! Бист сол қабл пешвоён ҷинояткорон буданд. Музокирачиён авбошони ашаддӣ буданд. Магар мо то ҳол аз таҷрибаи рӯзгор сабақ нагирифтаем? Сабақи таърих чи шуд? Дар пойтахти як вилоят дигар раҳбару сарвару баақлтар аз ҳамон Имум нест? Ба гуфти СайидоРафтанд аҳли ақл дар олам кас намонд!Дар базми рӯзгор ба ғайр аз магас намонд ! Фарёд макун дуст, дар ин дунёи беибо, Ки дар дунёи шарру шур фарёдрас намонд!Даҳшат дар ҳамин аст. Тақдири пойтахти як вилояте, ки дар замони шӯравӣ босаводтарин қисмати шашяки рӯи замин буд ва ҳоло ҳам ҳаст, баъди бист соли истиқлолият ба дасти нафаре бо номи «Имум» монд?!!!. Бовар надорам, аммо мегуянд, дар музокирот ӯ гуфтааст, ки ҷавонон халъи силоҳ намешаванд. То вақте, ки занҳои Хоруғ зиндаанд, онҳо пеши ҳукуматиҳоро мегиранд ва мо муқовимат мекунем. Даҳшат дар қаҳтии ақлу хирад, аз ҷнояткор пешкор сохтан аст. Афсӯс, ки чунин даҳшат роҳи бениҳоят хавфнок, фоҷиабор ва беоқибат хоҳад буд. Маъруфи Муҳаммадӣ, номзади илми таърих, муаллифи китоби «Тоҷикистон – меҳани ориён»