Хадамот рақобатро баҳогузорӣ менамояд
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади пешбурди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нимсолаи соли 2012 корҳои муайянро ба анҷом расонидааст,- иброз дошт директори хадамоти мазкур Ҳамдам Тағоймуродов дар нишасти матбуотӣ. Аз суханони Ҳ.Тағоймуродов маълум гашт, ки ӯ бо шумораи ночизи зертобеонаш, ки то имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо иҷоранишинанд, наметавонад таъмини риояи қонунгузории зиддиинҳисории бозори молиро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҳолати рақобатро дар бозорҳои мол баҳогузорӣ намояд. Ҳ. Тағоймуродов дар масъалаи афзоиши нархи маводи хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба омилҳое аз қабили талаботи аҳолӣ ва сифати маҳсулот ишора намуд, ки боиси болоравии нарх гаштаанд. Ба гуфти Ҳ.Тағоймуродов, дар моҳҳои январ-июни соли 2012 аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба кишвари мо 343 ҳазор тонна гандум бо нархи 213 доллари амрикоӣ барои як тонна ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 доллари амрикоӣ пасттар аст, аммо дар мавриди он ки чаро нархи нон ва маҳсулоти нонӣ коҳиш намеёбад ва ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳимоя намешавад, чизе гуфта нашуд.Аз чӣ бошад, ки аз аввал дар ин конфронс ҳамагӣ се расонаи хабарӣ ширкат намуд ва бисёр саволҳое, ки мебоист посухи худро меёфтанд, садо надоданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






