Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби Президент
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бойторӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ» дар таҳрири нав таҳия гардидааст.Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти савдои хориҷӣ, принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ, ҳуқуқу ўҳдадориҳои субъектони савдои хориҷиро муайян намуда, бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити мусоид ба рушди савдои хориҷӣ ва ҳамгироии он бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин тақвият бахшидан ба раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул карда шудааст. Инчунин қонунҳои қабулгардида дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бойторӣ» низ бо мақсади тезонидани раванди воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва такмилу тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои дахлдор равона карда шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» маротибаи аввал таҳия ва қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродиро бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъектони суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҳалли баҳсҳо ва дигар масоили муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро вобаста ба соҳаи мазкур танзим менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 сарчашма гирифта, мараторияи санҷишҳоро дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ муқаррар намуда, тартиби татбиқи онро ба танзим медарорад ва дар маҷмўъ ба рушди соҳибкорӣ, ба вижа соҳибкории истеҳсолӣ нигаронида шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






