Музди маоши баланд дар пойтахт чанд сомонист?
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Музди маоши баланд дар пойтахт ба кормандони соҳаи молиявӣ- 2373, 48 сомонӣ, нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа 2066, 97 сомонӣ рост омада, маоши кормандони саноати коркард- 651, 48 сомонӣ, маориф- 688,76 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ -515,33 сомонӣ буда, музди миёнаи пастро ташкил медиҳад. Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе мегўяд: масъалаи муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав ва шуғли аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шаҳрдорӣ маҳсуб ёфта, дар ин бахш бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Мавсуф зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки беш аз 1700 нафар шаҳрванд дар пойтахт дар нимсолаи соли равон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174 нафар зиёд аст. Хусусан аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу хизматрасониҳо дар корхонаю муассисаҳои шаҳр беш аз 1600 ҷойи кори нав таъсис дода шуд. Инчунин бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ дар пойтахт 9 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки дар он наздик ба 150 корхонаю муассисаи шаҳр ва беш аз 5 ҳазор шаҳрванд ширкат намуда, 505 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин гашта, 129 шаҳрванд ба марказҳои касбомўзӣ барои гирифтани касб роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






