Оби бепул надорем, ҳаққи обро баргардонед

Июль 19, 2012 14:57

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, кормандони соҳаи об аз қабул гардидани Қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ «Оид ба эълон гаштани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» таҳти таассурот қарор доранд.Дастгирии ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ кормандони соҳаи обро водор сохт, ки дар татбиқи амалии сиёсати кишвар оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва хусусан дар дохили кишвар дар сатҳи миллӣ саҳмгузор бошанд,- иброз дошт муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Муовини вазир аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки садҳо хоҷагидорон ҳанӯз сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи об ба таври ҷиддӣ дарк накардаанд ва обро як неъмати худодод дониста, ба пардохти ҳаққи истифодаи он аҳамият намедиҳанд. Ба гуфти С.Раҳимов, дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2012 аз тарафи сохторҳои вазорат бо 18 ҳазору 872 хоҷагӣ дар майдони 529 ҳазору 827 гектар барои хизмати обрасонӣ шартнома баста, мувофиқи дархост бо арзиши 28,9 млн. сомонӣ об дода шудааст. Аз ҷониби истифодабарандагони об, хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамагӣ 56 фоизи маблағи оби додашуда пардохт гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти ноҳияҳо аз пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ истифода мебаранд, ки барои он неруи зиёди барқ истифода мегардад. Дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 629,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ бо арзиши 14 млн. сомонӣ истифода гардидааст. Дар айни замон қарзи истифодаи нерӯи барқ дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» бо назардошти қарзи солҳои гузашта 195,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 12, 8 млн. сомониаш қарзи шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ мебошад. Сабаби ин сӯитафоҳумро С. Раҳимов дар дуруст сарфаҳм нарафтани сиёсати дохилии оби ҷумҳурӣ аз ҷониби хоҷагидорон маънидод намуд.

Июль 19, 2012 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд