Ш. Раҳимзода: «Дар соли 2012 табақаи миёнаи аҳолӣ ба 39 фоиз мерасад»

Июль 25, 2012 12:16

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади суръат бахшидани ҷараёни таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат лоиҳаи сохтор, консепсия ва шарҳи мухтасари онро барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди ҶТ таҳия намуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намудааст,- иброз дошт вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар нишасти имрӯзаи матбуотӣ ба хабарнигорон. Вазир сатҳи камбизоатии аҳолиро таҳлил намуда, дар муқоиса бо соли 1999 ду баробар коҳиш ёфтани онро яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи иқтисодиёти кишвар номид. Дар соли 2012 то 39 фоиз паст шудани сатҳи камбизоатиро аз равандҳои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи болоравии ҷиҳати иқтисодии аҳолӣ маънидод намуд.Тибқи ҳисобҳои пешакии Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ табақаи миёнаи аҳолии ҷумҳурӣ 39 фоизро ташкил хоҳад дод, ки 19 фоизи он ҷавобгӯи меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд,-афзуд Шариф Раҳимзода. Вазир ҳамчунин аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокчии ИДМ рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байни давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо Федератсияи Русия, Туркманистон, Украина, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Кирғизистонро пайваста таҳлил намуда, ҷиҳати самарабахш будани ин ҳамкориҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш дода мешавад. Вазир инчунин дар бораи бо сабабҳои гуногун кам шудани истеҳсоли маҳсулоти саноатии як қатор корхонаҳо маълумот дод ва дар доираи ҳамин масъалаҳо баҳси хабарнигорон бо мутахассисони вазорат сурат гирифт.

Июль 25, 2012 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд