Тақдими адабиёти коллеҷи зардуштӣ ба Китобхонаи миллӣ

Июль 31, 2012 16:23

Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон президенти коллеҷи зардуштиёни шаҳри Мумбай профессор Меҳер Мастер Мусс ташриф оварда, аз номи коллеҷи зардуштиён ба хонандагони тоҷик зиёда аз 50 адад адабиёт тақдим намуд. Китобҳои мазкур ба мавзӯъ ва соҳаҳои гуногун башида шудаанд. Бино ба гуфтаи хонум Меҳер Мастер Мусс ин китобҳо аз он ҷиҳат нодир ба шумор мераванд, ки танҳо дар як нусха чоп шуда, дар ягон китобхонаи ҷахон дастрас нест.Ҷараёни интиқоли китобҳо ба тариқи расмӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он муовини аввали директори китобхона Саидҷаъфар Сафаров, намояндагони сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.Ёдовар бояд шуд, ки солҳои зиёд аст хонум Меҳер Мастер Мусс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати он дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориҳои зич дорад. Чанде пеш тариқи сафорат аз ҷониби коллеҷи зардуштиён барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 200 адад китоби ҷолиб фиристода шуда буд.

Июль 31, 2012 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад