Тоҷикистон: таҷриба ва сабақҳои 15-солагии оштии миллӣ
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде пеш дар Дафтари Шӯрои Аврупо дар шаҳри Брюссел бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Белгия, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон: таҷриба ва сабақҳои 15-солагии оштии миллӣ» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар сафирони муқими Белгия, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Паймони нерӯ, доираҳои илмӣ, матбуотӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотии «EURONEWS» ва соҳибкорон иштирок намуданд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудов маърӯзачии асоси мизи мудаввар буда, зимни суханронии хеш ба иштирокчиён дар бораи таърих ва асосҳои сиёсии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оғози раванди музокирот, накши кишвархои кафил, созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Мутаҳид, нақши роҳбари давлати тоҷикон Эмомали Раҳмон дар истиқрори сулҳ, механизми татбиқшавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули дигар санадҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Н. Маҳмудов таъкид кард, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки он 27 июни соли 1997 дар ш. Москва ба имзо расида буд, ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшид, пойдевори сулҳ ва ваҳдати миллиро гузошт. Созишномаи мазкур барои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва рушди онҳо низ заминаи ҳуқуқию сиёсӣ гузошт. Дар охири баромади хеш Н.Маҳмудов таъкид намуд, ки сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои кишварҳои дучори низои дохилӣ, нодиру омӯзанда аст ва сулҳи тоҷикон метавонад ба ҳайси намуна хидмат намояд.Баъд аз баромади вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба Сафир, Намояндаи доимии Россия дар Иттиҳоди Аврупо Владимир Чижов дода шуд. Аз ҷумла, В.Чижов афзуд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани муноқишаи дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона Россия ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳал намудани он буд ва яке кишварҳои кафил дар музокиротҳо баромад намуд. Инчунин ӯ дар баромади хеш нақши нерӯҳои сулҳҷӯёнаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар таъмини сулҳ ва таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон махсус таъкид кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






