Қабули эътимоднома аз сафирони нав

Август 10, 2012 17:46

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Туркманистон, Япония, Фаронса, Руминия, Африкаи Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта эътимоднома қабул намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз қабули эътимоднома аз сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Япония, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта ҳамаи онҳоро бо оғози иҷрои ин вазифаи муҳим дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду таҳкими муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкории судманди гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон Туркманистонро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, изҳори итминон намуд, ки муколамаи сиёсии доимии ду кишвар дар рафти сафари қарибулвуқуи Президенти Тоҷикистон ба Ашқобод идомаи бофайз хоҳад ёфт. 
Аз раванди густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса, Япония, Руминия ва Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ низ изҳори қаноат карда шуд.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла доир ба дастгириҳои пайвастаи Япония аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон чунин гуфт: «дар давоми бист соли истиқлолият мо дастгириву мусоидати беғаразонаи ҷомеа ва давлати Японияро пайваста эҳсос мекардем ва онро ҳамеша қадрдонӣ менамоем».
 
Барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Африкаи Ҷанубӣ, қабл аз ҳама, тавсеаи заминаи меъёрию ҳуқуқии он зарур шумурда шуд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ордени Мухтори Малта дар арсаи байналмилалӣ, ки дар пояи принсипҳои ғайрисиёсии гуманитарӣ ва бетарафӣ асос ёфтааст, баҳои баланд дода, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба рушди ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
 

Август 10, 2012 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад