Амрияи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдам Тағоймуродов, дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2012 ҷиҳати пешниҳод накардани мавод оид ба ташкили нархи фурӯши маводи сӯхт, тибқи муқаррароти қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар хусуси вайронкунии моддаи 14-и Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол», нисбат ба ҶДММ «Нури Дилшод», ҶДММ «Аноҳито», ҶДММ «Умед-88», ҶДММ «Ойл трединг», Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Фароз» ва ҶДММ «Зет Газ» парванда оғоз карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ воридоти маводи сӯзишворӣ асосан тавассути се ширкати калонтарин: «Газпром нефти Тоҷикистон» ба андозаи 45510,6 тонна ё 57,8 фоизи маҳсулоти нафтӣ, «Нури Дилшод» ба миқдори 2435,5 тонна, «Умед-88» 3503,2 тонна, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти ҶТ 6127,45 тонна ва дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ ба миқдори 21085,7 ё 26,8 фоизи маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Ҷамъи маҳсулоти воридшудаи нафтӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 78 ҳазору 624 тоннаро ташкил дода, аммо аз ҷониби ширкатҳо ташкили нархи фурӯш ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод нагардид. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбат ба ин қонуншикании ширкатҳо амрия қабул намуда, барои иҷро ба ширкатҳо пешниҳод намуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






