Аз Хоруғ баровардани афсарону сарбозон оғоз гардид
Хоруғ, 13 август. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Тавре ки аз дафтари матбуоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, аз шаҳри Хоруғ баровардани ҷанговарони Артиши миллӣ оғоз гардид. Рӯзи 10 — уми август як гурӯҳ афсарону сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, ки ба хотири мӯътадил гардонидани вазъи шаҳри Хоруғ сафарбар шуда буданд, ба мавзеъҳои мустақари қаблии хеш баргаштанд. Ин нерӯҳо аз 23 – июл то 10 август дар маркази вилоят мустақар буданд. Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал – лейтенант Шералӣ Хайруллоев иброз дошт: «мо дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ ва худи мардуми Бадахшон тавонистем, ки вазъи Хоруғро мӯътадил гардонем». Вазири мудофиа инчунин изҳор дошт, ки то ба имрӯз садҳо адад аслиҳа, аз қабили автомати Калашников, пулемёт, камонҳои снайперӣ, тиру туфанги гуногун ва садҳо кг маводи тарканда ба таври ихтиёрӣ супорида шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






