Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Осиф Алӣ Зардорӣ
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:Ҷаноби Олӣ,Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Покистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар – сидқан табрику таҳният гӯям.Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон дар ду – се соли охир, ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.Ҷониби Тоҷикистон, мисли ҷониби Покистон, ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳарду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба – ба хотири таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа – ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид.Бо арзи табрики муҷаддад, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Покистон амну субот, ҳаёти осудаю босаодат ва пешрафту рифоҳ таманно дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






