Баргузории чорабинии мақсадноки “Бачаҳо” дар Душанбе

Август 28, 2012 15:12

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт миёни кӯдакону ноболиғон ва оғози соли нави хониши 2012-2013 аз 25 август то 3 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе чорабинии мақсадноки “Бачаҳо” гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ Ховар Шерафган Латифов, сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани он нақшаву чорабиниҳои махсус тартиб дода шудааст.  –Аз ҷумла , бахшида ба рӯзи дониш дар ҳафт мактаби шаҳри Душанбе, афсарони шӯъбаи БДА, ротаи хадамоти роҳбонӣ ва бахшҳои БДА-и шаҳри Душанбе сафарбар шуда, мақсади баргузории чорабини ба хонандагон фахмонида мешавад,-гуфт манбаъ. Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки кӯдакону наврасони то синни 16-сола, 56 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои расида бар асари ин садамаҳо 8 нафар ноболиғ ба ҳалокат расида, 52 нафари дигар ҷарроҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз микдори умумии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар давоми 7 моҳу 20 рӯзи соли равон, 31 ҳодиса бевосита бо иштироки хонадагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ рух дода, 5 нафар ба ҳалокат расида, 30 нафари дигар бо ҷарроҳатҳои гуногун дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд

Август 28, 2012 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад