Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Мубориза байни ду ширкати аврупоӣДушанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).- Ширкати Кореяи Ҷанубӣ фурўши компютерҳои планшетиии «Гэлекси Ноут»-ро оғоз бахшид. Компютер бо протсессори чорядроӣ, 2 гигабайта, хотираи фаврӣ, инчунин стилус, ки имконияти якбора бо ду барнома кор карданро медиҳад, муҷаҳҳаз аст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ширкати «Самсунг» тавассути «Гэлекси Ноут 10.1» метавонад ба рақиби амрикоиаш наздик шавад.Ба гуфти расонаҳои хабарии Кореяи Ҷанубӣ мубориза байни ду ширкати истеҳсолкунандаи техникаи маишиву электронӣ- «Самсунг» ва «Эппл» то ҳол идома дорад.Вале ширкати «Эппл», ки ҳиссаи фурўши компютерҳои планшетиаш дар бозори ҷаҳонӣ 64 дарсадро ташкил мекунад, пешсаф аст. Ҳиссаи «Самсунг» ҳамагӣ ба 10 дарсад баробар аст.Ҳалокати 11-нафар дар АфғонистонДушанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар Афғонистон бар асари суқути чархбол 11 нафар ба ҳалокат расид. Фоҷиаи мазкур дар қисми ҷанубии Афғонистон дар минтақаи Шоҳ Валикути музофоти Қандаҳор ба амал омадааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҳафт тан аз фавтидагон низомиёни НАТО мебошанд. Ҳангоми парвоз сарбозони Артиши давлатӣ ва як нафар тарҷумони Афғонистон низ дар дохили чархбол будаанд.Ба маълумоти васоити ахбори оммаи кишвар масъулияти ҳодисаи мазкурро силоҳбадастони Ҳаракати Толибон бар ўҳда гирифта бошанд ҳам, вале ҳукуматдорони маҳаллӣ инро инкор мекунанд. Вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






