Дар Хоруғ домана ба қайд гирифта шуд

Август 15, 2012 15:45

Хоруғ, 15 август. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Тавре ки сардухтури стансияи санитарию эпидемиологии ВМКБ А.Музаффаров иттилоъ дод, ду рӯз қабл дар маҳаллаи Шарифобод 17 нафар гумонбари бемории домана қайд шудааст, ки дар бадани 4 нафари онҳо мавҷудияти ин беморӣ ошкор гардид. Манбаи ин беморӣ ҳанӯз аз соли 1995 дар ин ҷо вуҷуд дорад. Ба гуфти сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Саидбек Давлатбеков бо фармони Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба ҳайати он варзидатарин коршиносони соҳа шомил шудаанд. Гурӯҳи корӣ манбаъро муайян мекунаду дар рафъи он тадбирҳои судбахшро амалӣ месозад. 

Август 15, 2012 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад