Э.Раҳмон оромгоҳи нахустпрезиденти Туркманистонро зиёрат кард

Август 24, 2012 08:40

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Қипчоқ ташриф оварда, оромгоҳи нахустпрезиденти Туркманистон Сапармурод Ниёзовро зиёрат намуд ва дар наздаш гулчамбар гузошт.Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди муҷассамаи Конститутсияи Туркманистон гулчанбар гузошта, бо осорхонаи Конститутсияи ин кишвар ва масҷиди Туркманбошӣ аз наздик шинос шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Август 24, 2012 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш