Эмомалӣ Раҳмон: «Бозор бояд бо маҳсулоти хушсифат таъмин бошад!»
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз бо ҷараёни фаъолияти корхонаи навтаъсиси равғанбарории ноҳия низ шинос шуд. Аснои боздид аз Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Ато» ба Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона барои истеҳсоли равғани растанӣ ва кунҷора пешбинӣ шуда, он бо сарфи беш аз 2,1 млн доллари амрикоӣ сохта, ҷиҳозонида шудааст. Иқтидори корхонаи мазкур коркарди аз 80 то 100 тонна чигит дар як шабонарӯз мебошад. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани он аллакай 120 нафар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд, ки бо шароити мусоид ва маоши хуб низ таъминанд. Дар рафти шиносоӣ бо имконоти техникиву иқтидори истеҳсолии ин корхона Сарвари Давлат дар самти истеҳсоли босифати маҳсулот ва дар ин замина таъмини бозори дохилӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки айни ҳол аллакай 70 фоизи маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Ато», ки аз 4 намуди растанӣ, офтобпараст, лубиё, маъсар ва пахта омода мешаванд, дар бозори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пешкаши истемолкунандаҳо гардонида мешавад. 30 фоизи дигар бошад, барои бозорҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи мазкур, ки аз 6 сехи истеҳсолӣ, 4 амбор ва озмоишгоҳи санҷишӣ иборат аст, бо ҷалби сармояи хориҷи бунёд ва фаъол гардида, дар он технологияи муосири коркард, аз ҷумла таҷҳизоти пешрафтаи олмонию туркӣ ва чиноӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар ин корхона ҳамзамон технологияи нави истеҳсолӣ, сехи экстраксионӣ истифода мегардад, ки таҷрибаи нав мебошад.Ин коргоҳи истеҳсолӣ низ бо истифода аз сӯзишвории ангиштсанг, ки дар як шабонарӯз то 2 тонна пешбинӣ шудааст, фаъолият менамояд. Тавре маълум гардид, дар заминаи ин коргоҳ ҳамчунин дар масоҳати 12 гектар маъсар кишт гардида, бо хароҷоти кам аз ҳосили он равғани хушсифат омода карда мешавад.Тибқи нақша, дар оянда майдони кишти ин зироат зиёд карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






