Фаъолияти 137 корхона бо ангишт

Август 2, 2012 14:29

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти шаш моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангиштро ба 110098 тонна расониданд, ки ин нисбат ба нақша 39213 тонна (155,3%) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 45538 тонна(170,5%) зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 120967 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58859 тонна (155,4%) зиёд мебошад. Захираи ангишт бо бақия дар анборҳо ва нуқтаҳои фурӯши ангишти корхонаҳои соҳа 37300,59 тоннаро ташкил медиҳад. Воридоти ангишт то санаи 1 июли соли ҷорӣ 6815,2 тоннаро ташкил медиҳад. Содироти ангишт ба хориҷи кишвар тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 манъ карда шудааст.Дар айни замон миқдори корхонаҳои саноатие, ки ба истифодаи ангишт гузаштаанд, дар соҳаҳои маводи сохтмонӣ- 80 адад, филизгудозӣ-28 адад, хӯрокворӣ- 21 адад, истеҳсоли семент- 6 адад, истеҳсоли шиша-1 адад ва истеҳсоли алюминий як адад буда ва талабот бо ангишт дар соли 2012 зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то 1 июли соли 2012 зиёда аз 1537 адад нуқтаи фурӯши ангишт бо захираи 32376,1 тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд-701 адад, дар Хатлон 448 адад, дар ВМКБ- 62 адад, дар НТҶ ва шаҳри Душанбе 326 адад фаъолият доранд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 2, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад