«Корвони китоб» ба Ҷиргатол расид
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола бо иқдоми Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини китобхонаҳои оммавию мактабӣ бо адабиёти тозанашр дар мамлакат ҳаракати «Корвони китоб» роҳандозӣ мегардад. Инак баъд аз вилоятҳои Суғду Хатлон корвон ба ноҳияи Ҷиргатол расид. Имсол «Корвони китоб» аз тариқи идораҳои зертобеи Вазорати фарҳанги ҶТ ба ноҳияҳои Нуробод 1896 нусха, Тавилдара 1893 нусха, Рашт 1992 нусха, Тоҷикобод 1893 нусха ва ба ноҳияи Ҷиргатол 1897 нусха, дар маҷмӯъ 9 ҳазору 512 нусха адабиёти тозанашрро ба маблағи 58 ҳазору 273 сомонӣ ба китобхонаҳои деҳоти ноҳияҳои минтақаи кӯҳистон тӯҳфа намуд. Саидҷаъфар Сафаров, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Таъминот ва савдои китоб»- и Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳор кард: «Бо мақсади такмили пурраи захираи китобхонаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ қариб 12 ҳазор сомонӣ мо танҳо ба китобхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол ва умуман дар маҷмӯъ қариб 60 ҳазор сомонӣ ба тамоми ноҳияҳои минтақаи Рашт китобҳои тозанашрро ба таври ройгон супоридем».Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол бо ширкати теъдоди зиёди хонандагон намоиши китобҳои тозанашри адибони тоҷик, ки аз тариқи «Корвони китоб» аз шаҳри Душанбе оварда шуд, доир гардид. Дар чорабинӣ хонандагони синни гуногун ба адабиёти дастрасшуда аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Адабиёти тозанашри воридшуда Сарқонуни ҶТ, Энсиклопедияи миллии тоҷик, асарҳои классикон, адибони муосир ва дигар китобҳои бадеӣ, инчунин китобҳоеро, ки ба Истиқлолияти кишварамон бахшида шудаанд, дар бар мегирифт, ки ба ин восита фонди китобхонаҳои деҳот бо адабиёти нав ғанитар гардид.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






