Мақсад-фаровонии бозор
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Контгрупп-Тоҷикистон» бо мақсади фаровонии бозор ва таъмини сокинон бо маҳсулоти хушсифат дар бозорҳои Шоҳмансуру Қарияи Болои пойтахт ва шаҳри Ваҳдату ноҳияи Ҳисор намоиш ва фурӯши маводи ниёзи аввалро ба роҳ мондааст. Ҳамарӯза аз ҷониби ин ширкат ба миқдори 50 тонна орд, 5 тонна биринҷ, 4 тонна шакар, наздики панҷ тонна равган, 1 тонна гӯшт ва дигар маҳсулоти қаннодию кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Қиммати маҳсулоте, ки ба мизоҷон пешкаш мегардад, нисбат ба бозор 20 фоиз арзон буда, сифати он ҷавобгӯи талаботи стандартист. Гарчанде ки самти фаъолияти ширкат дигар аст, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ин иқдомро амалӣ намуда, то андозае дар форавонию арзонии маҳсулот саҳмгузор бошад. Гуфта мешавад, ки масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Контгрупп-Тоҷикистон» намоиш ва фурӯши маҳсулотро дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор то охири моҳи шарифи Рамазон идома дода, дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 4 миллион сомонӣ маводи ниёзи аввалро пешкаши сокинону меҳмонон менамоянд.Ёдовар мешавем, ки намоиш ва фурӯши маҳсулоти ширкат дар бозорҳо 7 рӯз инҷониб баргузор шуда, он то охири моҳи Рамазон ҳамарӯза идома меёбад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






