Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи Хазинаи Оғохон
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Чанде пеш мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Нуриддин Шамсов бо роҳбари иҷроияи Хазинаи Оғохон дар ШМА Мирзо Ҷаҳонӣ барпо гардид.Сафир саҳми Хазинаи Оғохонро ба ҳайси яке аз шарикони мӯътамади Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таълимӣ тайи солҳои охир дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии кишвар назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории гуногунҷанба ва самарабахш бо ниҳоди мазкур аст ва умед дорад, ки доираи фаъолияти барномавии ин созмон дар кишвар васеъ хоҳад шуд. М. Ҷаҳонӣ оид ба фаъолияти Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон маълумот дода, зикр кард, ки барномаҳои он иҷрои корҳои зиёдеро, аз қабили мусоидат ба сохтмони пулу роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини ноҳияҳои дурдаст бо қувваи барқ ва таҷҳизоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тандурустӣ ва маориф пешбинӣ менамоянд. Дар марҳилаи ҳозира таваҷҷӯҳи шабакаи рушди Оғохон ба кӯмак барои сохтмони пули Шӯрообод миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки бояд ба наздикӣ анҷом ёбад, равона шудааст. Роҷеъ ба фаъолияти Хазинаи Оғохон дар ШМА М. Ҷаҳонӣ гуфт, ки Созмон бо ҷалби кӯмаки молии кишвари будубош ва институтҳои молиявӣ барои таъмини маблағузории лоиҳа ва барномаҳои Созмон, аз ҷумла дар Тоҷикистон машғул аст. Дар робита ба татбиқи лоиҳаи таълимӣ номбурда таъсиси Институти рушди касбӣ (Institute of Professional Development)-ро дар шаҳри Кӯлоб, ки бо дастгирии Хазинаи мазкур ба фаъолият шурӯъ кард ва татбиқи чандин лоиҳаҳои инфрасохтории дигарро дар Рашт ва вилояти Хатлон ёдовар шуд. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки корҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориро ҷиҳати рушди кӯмак ба Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои минбаъда идома диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






