Нелсон Манделларо мо низ ҷашн мегирем?

Август 11, 2012 08:38

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирӯз, 10 уми август Сафири тозаинтихоби фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Шириш Манаклал Сонӣ пас аз супоридани эътимоднома ва расонидани паёми Президенти Африқои Ҷанубӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи хабарнигорон сӯҳбати рӯбарӯ намуд.  Сафир ибрози боварӣ намуд, ки дар ҳолати роҳандозӣ намудани имконоту иқтидори мавҷудаи ҳар ду кишвар мо заминаи мусоиди ҳамкориҳои сиёсиро ба даст хоҳем овард. Номбурда илова кард, ки бо татбиқи чунин имконият ва заминаҳои мусоиди ҳамкорӣ мо метавонем барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Шириш Манаклал Сонӣ гуфт, ки халқи тоҷик ва мардуми Африқои Ҷанубӣ муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд ва аз ин лиҳоз дар мӯҳлатҳои наздик мо «ҳафтаи Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон»-ро таҷлил хоҳем кард. «Соли оянда Иттиҳоди Африқо 50-умин солгарди таъсисёбии худро таҷлил менамояд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ садоратии Иттиҳоди Африқоро ба ӯҳда дорад.»- иброз дошт Шириш Манаклал Сонӣ. Номбурда илова намуд, ки дар пояи таҷлили ин ҷашн дар асоси қатъномаи СММ соли ояндаро ҳамчун соли бузургдошти Нелсон Манделла таҷлил хоҳем кард, ки тибқи ин қатънома 18-уми июл чун рӯзи бузургдошти Нелсон Манделла эълон гардидааст. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтаем, то ҷашнвораи ин пешвои бузурги Африқои Ҷанубиро дар Тоҷикистон низ таҷлил кунем. Сафир иттилоъ дод, ки мо азми қавӣ дорем, то дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ба хотири мусоидату пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон дафтари соҳибкории худро боз намоем.

Август 11, 2012 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад