Омодагиҳо дар филиали ДДТ шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – То имрӯз дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои соли хониши 2012 – 2013 аз рӯи ихтисос 430 ҳуҷҷати довталабон қабул шудааст. Қабули ҳуҷҷатҳо аз 20 июни соли 2012 оғоз гардида, то 20 августи соли 2012 идома меёбад. Бояд зикр намуд, ки дар машваратҳои фаннии филиал, ки аз 20 июл оғоз шудаанд, довталабон фаъолона ширкат меварзанд. Дар парки технологии филиал истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст. Раёсати филиали ДТТ дар шаҳри Кӯлоб дар баробари сохтмон ва ободонии биноҳои маъмурии филиал барои тайёрӣ ба мавсими зимистон корҳои зиёдро дар амал татбиқ менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






